Библия дар бораи Хотам-ул-анбиё Муҳаммад (с) оё чизе гуфтааст? Шайх Аҳмади Дидот яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми исломшиносии муосир миёни тадқиқотҳои сершумору хеле арзанда ва пурарзиши худ яке аз онҳоро маҳз ба ҳамин мавзўъ бахшида, ба ин саволи ниҳоят душворе, ки беш аз ҳазору чаҳорсад сол на танҳо олимону муҳаққиқин, балки ҳар як инсони соҳибақлро дар рўи замин маҷбур месозад сар ба зонуи тафаккур гузорад, посухи мантиқӣ гуфт. Ин тадқиқоти шайх Дидот зери унвони «Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?» қариб ба тамоми забонҳои халқхои дунё ба чоп расида, баҳои арзандаро низ сазовор гардид.
Author: Аҳмад Дидот
Китоб усули шинохти асосгузорон ва нашркунандагони мактаби Ислом – Саҳобагони Расули Худо Муҳаммад саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва хидмату заҳамоти он абармардонро дар тақвияту густариши дини илоҳӣ ва фазилату дараҷаи онон ва баёни ҳукми маҳбубияту пайравӣ ва ё бадбинию душманӣ дар ҳаққи ононро аз дидгоҳи Қуръон ва Суннат ва низ бозтоби симои он бузургонро дар осори назмии шоъирони гузашта ва муъосири форсу тоҷик пешкаши хонандагон менамояд. Дар ин робита нуқтаназарҳои чанд тан аз уламо ва пешвоҳои мазҳабии бузурги кишвар, аз ҷумла: Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Роҳбари маънавии ҲНИТ, Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва дигар азизонро дар хусуси шинохти фазоили Саҳобагони Расули Худо ва ҳукми саб ва носазогўяндаи онҳо мавриди баррасӣ қарор додаем.
Author: Муҳаммадиқболи Садриддин
Иқтибос аз китобӣ «ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМ» Мардуми мусалмони тоҷик аз ҳамон ибтидои пазириши Ислом пайрави аҳли суннат ва ҷамъоат буда, дилҳои эшон дар тўли таърихи наздик ба якуним ҳазор сол аз муҳаббати саҳобагони Расули акрам (с) ва дигар бузургони садри Ислом лабрез мебошад. Онҳо дар муҳаббати асҳоб ва ёрони Паёмбар (с) аз ифроту тафрит дурӣ намуда, дар шинохти фазлу азамат ва ҷойгоҳи рафеъи эшон равиши эътидолро дар пеш гирифтаанд. Инак, назари чанд тан аз шахсиятҳои барҷаста ва ходимони намоёни динро дар бораи мақом ва ҷойгоҳи саҳобагони Расули акрам (с) ва бузургони садри Ислом манзури хонандагон менамоем. Онҳо бо мутолиъаи назари ин бузургон метавонанд мавқеъи феълии донишмандон ва ҳамин тавр мардуми мусалмони тоҷикро дар бораи бузургон ва пешвоёни садри аввал ба даст оваранд.
Author: Муҳаммадиқболи Садриддин
Хонандаи азиз, он чӣ пеши рў доред, матолиби бисёр муҳим ва зарурӣ барои фароҳам сохтани зиндагии хонаводагии босаъодати ҳар мусалмон аст, ки донишманди маъруф Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ ҷамъоварӣ намуда, ба риштаи таҳрир кашидааст. Агар ба ин нукот таваҷҷўҳ карда ва ба онҳо амал намоӣ, иншоаллоҳ, дар дину дунё муваффақ хоҳӣ шуд.
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Дар ин китоб муаллиф дар бораи ҳаёт ва зиндаги ва чигуна ба ислом гаравидани ҳазрати Талҳа ва Зубайрро барои хонандагон баён мекунад, ва ин чунин баъзе фазилатҳо ва суханони Паёмбари ислом дар бораи ин ду саҳобии пешқадам ба ислом ва башорат додашуда ба ҷаннатро низ пешкаши хонандагон мекунад.
Translators: Муҳсин Рамазони
Аз самими дилам ба самими дилҳо, китобчаест дар мавзуъи бисёр муҳим, ақида ва афкори раисии мазҳаби шиаро зикр карда, дар мизони шариат ва ақл мегузорад, ва аз бародарони шиа даъват мекунад ки дар ин мавзуъҳо ақли солимро кор фармуда ба хуломаи дуруст биёянд ва роҳи ҳақро ихтиёр намоянд. Аз ҷумлаи мавзуъҳои зикршуда инҳоянд: Ашке бар Тавҳид Шиъаҳо ва Қурон Шиҳаъо ва саҳобагон Имомат Никоҳи Мутъа Хумс Имом Маҳди Исмату маъсумият Тақя Ва дигар мавзуъҳо.
Author: Усмон ибни Муҳаммад Ал-Хамис